image

Маросими дипломсупорӣ ба донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино

date_range08.06.2023, 14:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye205

Дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино бахшида ба Рӯзи хатми донишҷӯёни хориҷӣ бо иштироки сафирон ва намояндагони Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озорбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Федератсияи Руссия, ҳайати раёсати донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯёни хатмкунанда чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.  

Дар маросими дипломсупорӣ ба донишҷӯёни хориҷӣ роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ намуда, тамоми хатмкунандагони хориҷиро барои ҷамъбасти бомуваффақияти таҳсил ва сазовор гаштан ба номи пуршарафи табибӣ табрику таҳният гуфтанд ва ба ҳар кадомашон муваффақиятҳои беназирро тамано намуданд. Иброз гардид, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ намудани нақшаву барномаҳои таълимӣ ва дар ин замина омода кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат мебошад.

Тавре зикр шуд давраи донишандӯзӣ ва камолоти касбӣ мушкилиҳои худро дорад, вале донишҷӯёни хориҷӣ дар давоми таҳсил илму дониш, малака, ва нозукиҳои касбиро аз бар намуданд. Ҳамчунин дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи хатми донишҷӯёни хориҷӣ сафирону намояндагони ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Федератсияи Руссия баромад намуда, барои таълим додан ба донишҷӯёни хориҷӣ ва саҳм гузоштан дар рушди тибби ҷаҳонӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббӣӣ Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки имсол Донишгоҳи тиббиро 2075 донишҷӯ хатм намуд, ки аз онҳо 436 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ аз 11 давлати ҷаҳон ташкил медиҳанд. Дар тӯли таърихи беш аз 84-солаи фаъолияти Донишгоҳи мазкур беш аз 55 ҳазор мутахассис ин боргоҳи муқаддасро хатм намудаанд, ки то имрӯз на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар бештар аз 50 кишвари дунё фаъолияти муваффақонаи касбӣ бурда, шарафи донишгоҳ ва Ватану миллати тоҷикро баланд мебардоранд.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи хатми донишҷӯёни хориҷӣ бо тақдими диплому туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи кумитаи тадорукот ва бо иҷрои барномаи фарҳангӣ хотима ёфт.

Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"