Фаъолияти Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии «Кӯли Душанбе»
Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии «Кӯли Душанбе», ки соли 2019 расман мавриди истифода қарор гирифта буд, имрӯз ба макони дӯстдоштаи на танҳо сокинони мамлакат, балки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ гаштааст. «Кӯли Душанбе» имкони дар як рӯз то ба 5 ҳазор нафар хизмат расониданро дошта, дар он баробари дигар бозиҳои шавқовар ҳамзамон имкони ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла варзиши обии Флайборд машғул шудан фароҳам аст.
Иншооти зебову муҳташам бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки имрӯз ба макони дӯстдоштаи аксар сокинону меҳмонони мамлакат дар фасли гармо маҳсуб меёбад. Ҳавз ва дарёи мавҷдор, ки масоҳати он беш аз 20 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад, яке аз маконҳои дӯстдоштаи истироҳаткудандагони "Кӯли Душанбе" ба шумор меравад. Ба дарозии 400 метр дарёҳои мавҷдор ва обамборҳои зеризаминӣ сохта шудаанд.
Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии "Кӯли Душанбе" - ро аквапарк ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати зиёда аз 2 гектар ҷойгир аст. Аквапарк аз 5 маҷмааи истироҳатӣ - ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад.
Имрӯзҳо "Кӯли Душанбе" ҳамчун мавзеи истироҳату фароғати натанҳо сокинони кишвар гардидааст, балки шаҳрвандони кишварҳои хориҷа низ ба ин макон бештар ташриф меоранд.
Дар «Кӯли Душанбе» баробари дигар бозиҳои шавқовар ҳамзамон имкони ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла варзиши обии Флайборд машғул шудан фароҳам аст.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ