image

Мулоқот бо кормандони бахши иқтисод ва савдои пойтахт дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range21.06.2023, 10:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye273

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони бахши иқтисод ва савдои пойтахт оид ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои ваҳдату озодӣ ва истиқрори сулҳ мулоқот доир гардид.

Зимни суханронии хеш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки бисту шаш сол мешавад, ки мо – сокинони Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем. Тайи ин солҳо кулли сокинони кишвар хуб дарк намуданд, ки ваҳдати миллӣ заминаи саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон мебошад.

Гуфта шуд, ки маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосияи воқеан таърихӣ дар мамлакат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки амалӣ гардидани ҳамаи омолу орзу ва нақшаву ниятҳои ҳар фарди ҷомеа, пешрафту тараққиёти давлат ва ободии Ватан маҳз ба сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вобаста мебошад. Хусусан, дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад-таъкид гардид дар идомаи мулоқот.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"