image

Намоиш-фурӯши молу маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии ноҳияи Панҷ доир гардид

date_range10.07.2023, 15:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye311

Бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳафта дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ намоиш-фурӯши молу маҳсулот, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳангии ноҳияи Панҷ роҳандозӣ гардид.

Аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ роҳбарияти ноҳияи Панҷ ва ноҳияи Фирдавсӣ боздид намуда, ба масъулин баҳои баланд доданд. Маҳсулоти кишоварзии ба намоиш гузошта шуда ва хӯрокҳои миллӣ, таваҷҷуҳи намояндагон ва сокинонро ҷалб карданд, чун ҳама молу маҳсулот бо нархҳои нисбати бозор арзон пешниҳод гардида буданд.

Дар қисмати дуюми ҳамоиши мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода, роҳбарияту намояндагони ноҳияҳои Панҷ ва Фирдавсӣ аз намоиши хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастранҷи ҳунармандони ноҳияи Панҷ дидан карданд.

Идомаи ҳамоиш бо суханронии масъулин ва барномаи фарҳангӣ ҷараён гирифт. Зимни баромади масъулин иброз шуд, ки “Ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд. Бо майлу ирода ва саъю кӯшиши мардуми азизамон мо ба ин неъмати бебаҳо насиб гардидаем ва имрӯз шукр мекунем, ки мардуми шарафмандамон ваҳдату ягонагиро омили муҳимтарини суботу пешрафти кишвар шуморида, барои ҳимояву бақои давлатдории миллии худ ва тақвияти иқтидори он содиқона заҳмат мекашанд”. Ширкатдорони дигар низ доир ба сулҳу суботи сартосарӣ ибрози андеша карданд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ бо дастагули шеъру таронаҳо, ки муҳтавои он васфкунандаи садоқату вафодорӣ ба арзишҳои миллӣ буд, хотири ҳозиринро шод намуд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"