image

Паёми Пешвои миллат - роҳнамои мо ҷавонон барои фардои дурахшон

date_range02.02.2024, 11:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye234

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар толори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат - роҳнамои мо ҷавонон барои фардои дурахшон» баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Дар кори Конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат - роҳнамои мо ҷавонон барои фардои дурахшон» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Дар воқеъ Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун оинаи муваффақияти имрӯзу ояндаи кишвар ба инъкоси пешрафтҳои навини кишвари биҳиштосоямон нигаронида шуд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми қаблиашон иброз намуданд, ки мо ба нерӯи созандаи тамоми мардуми кишвар аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯст эътимоди комил дорем. Имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳон ба нерӯи созандаи ҷавонон такя менамоянд ва илму маорифро яке аз соҳаи афзалиятноки хеш қарор дода, барои омӯзиши насли ҷавон аз тамоми имконияту шароит истифода мебаранд.

Бояд тазаккур дод, ки муҳимтарин рукни таҳкими истиқлолият ва сулҳу осоиштагӣ низ маҳз ҷавонон ҳастанд. Зеро онҳо бо нерӯи созандаву иқтидорманд, қувваю тавон, диду нигоҳи тоза, зиракӣ ва ақидаҳои солими хеш дар рушди ҷомеа ва ободии ватан саҳми босазо мегузоранд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар суханронии хеш таъкид намуданд: «Бо қаноатмандиву ифтихор мехоҳам хотирнишон намоям, ки дар зарфи солҳои истиқлолият дар кишварамон насли ҷавони дорои тафаккури давлатӣ ва содик ба арзишҳои давлатдории миллӣ ба камол расид ва итминон дорам, ки ин раванд дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт».

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи ин самараи истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро бо шарофати истиқлолият ватани маҳбубамон Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар ба комибёҳои назаррас ноил гардида, чунин икдомҳои азиму созанда бо такя ба нерӯи бузурги ҷавонон босуръат идома доранд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"