image

ПАЁМ - РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ МО!!!

date_range06.02.2024, 09:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye293
ш.Душанбе. 05.01.2024. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру роҳнамоиҳои Президенти кишвар, ки зимни паёми навбатӣ ироа гардиданд аз ҷониби сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе миёни сокинон мулоқоту вохӯриҳо доир гашта истодаанд. Ҳамин гуна як мулоқот дар МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур доир шуд.
“Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд. Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад”- иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба маҷлиси Олии мамлакат.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода моҳияту муҳтавои паёмро банд ба банд барои ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод. Аз ҷумла зикр шуд, ки ҷавонон, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд ва ҳадафи мақсадноки гурӯҳҳо ва ташвиқгарони ифротӣ қарор мегиранд. Гуфта шуд, ки “суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоем. Наврасону ҷавононро бояд ба анҷом додани ободкорию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ омода созем.”
Ҳамчунин вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президент дар толори МИҲД-и ноҳияи Сино низ вохӯрии масъулин зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбарият ва кормандону фаъолони ноҳия доир гардид. Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, шуруъ аз қисмати ҳаёти дохилӣ то муносибатҳои манфиатбори тарафайн бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки аз Паёми пешина то ин дам дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат корҳои шоёне ба сомон расонида шудаанд, ки аз далериву ҷонфидоӣ ва худшиносиву ифтихори миллии ватандорон гувоҳӣ медиҳад.
Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем. Маврид ба зикр аст, ки миёни корхонањои сатҳи шаҳрӣ ва сокинони касбу кори гуногуни ноҳияҳои шаҳри Душанбе чунин суҳбату мулоқотҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 29-уми январ то 22-уми феврали соли равон идома меёбанд.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"