image

Маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023

date_range07.02.2024, 10:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye338

Санаи 6 феврали соли 2024 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори "Кохи Суруш" маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023 аз рӯйи 10 номинатсия ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон, ки дар фазои идона доир гашт, муовини Сарвазири малакат Дилрабо Мансурӣ роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянадгони вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои гуногуни давлатӣ, кормандони соҳаи ҷавонони кишвар, донишҷӯён ва гирандагони Стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2023-2024 иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамъбастии соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст, ки ин навбат гирандагони ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ қадрдонь шуданд.

Соли 2023 аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ғолибони ин номинаҳои дар вазъити тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон нафарони дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2023», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Барандаи гранти ҳукуматӣ миёни ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2023», «Беҳтарин волонтёри соли 2023», "Беҳтарин корофари ҷавон дар соли 2023", "Беҳтарин шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли 2023", "Беҳтарин намояндаи маҳфили ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта дар соли 2023", "Беҳтарин маҳфили доимоамалкунандаи назди ташкилоти ҷамъиятии "Пайравони Пешвои миллат дар соли 2023" ва "Беҳтарин сохтор дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли 2023" қадрдонӣ гардиданд.

Дар маросим ҳамчунин барномаи фарҳангӣ бо иштироки як гурӯҳ сарояндаҳои машҳури кишвар доир гашт.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"