image

Душанбе беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2023

date_range15.02.2024, 14:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye321
Варзишгарони муваффақи тоҷик бо таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, барои бозҳам баланд бардоштани парчам ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол талошҳои бештар менамоянд.
Дар заминаи сиёсати варзишпарварони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҳаштум аст, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ бо мукофотпулиҳо ҳавасманд карда мешаванд. Ин навбат бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҷараёни маросими ҷоизасапурӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарон ва мураббиён иштирок намуда, бобати рушду нумӯи варзиш ва қадамҳои устувор дар ин ҷода сухан карданд.
Баъд аз суханронӣ, маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба варзишгарон аз рӯи номинатсияҳои гуногун, аз қабили “Беҳтарин Федератсияи варзишӣ аз намуди олимпӣ дар соли 2023”, Беҳтарин Федератсияи варзишӣ аз намуди ғайриолимпӣ дар соли 2023”, “Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2023”, “Мураббии беҳтарин дар соли 2023” баргузор гардид.
Аз ҷумла Болтаев Давлат - сазовори ҷойи якум дар Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 120 000 сомонӣ, ба мурабии ӯ 30 000 сомонӣ;
Маҳмадбеков Сомон - сазовори ҷойи якум дар Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 120 000 сомонӣ, ба мураббӣ 30 000 сомонӣ;
Раҳимов Темур - сазовори ҷойи дуюм дар Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 оид ба гӯштини ҷудо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 80 000 сомонӣ, ба мураббӣ 20 000 сомонӣ;
Усмонов Баҳодур - сазовори ҷойи сеюм дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс мукофотпулӣ дар ҳаҷми 80 000 сомонӣ ба мураббӣ 20 000 сомонӣ ва дигар варзишгарону мураббиёни онҳо бо тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Шаҳри Душанбе - “Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2023” муайян шуда, бо диплом қадрдонӣ гардид.
Бояд гуфт, ки хамасола чун анъана чунин чорабиниӣ аз чониби Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатхи баланд баргузор гардида, беҳтаринҳо дар вазъияти тантанавӣ кадрдонӣ мегарданд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"