image

Бахшида ба солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ДМТ ҳамоиш баргузор шуд

date_range22.02.2024, 14:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye366

Дар чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъкид шуд, ки Артиши миллӣ ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсис ва дар давоми беш аз се даҳсолаи мавҷудият озмоишҳои ҷиддӣ, пайроҳаҳои пурпечу тоб ва монеаҳои сахту сангинро пушти сар намуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар партави таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил гардиданд.

Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар новобаста аз имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми тадбирҳо амалӣ гардидааст ва ин раванд имрӯзҳо босруъат идома дорад.

Эмомалӣ Насриддинзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳз тадбирандешиҳои бевоситаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат имкон додааст, ки дар шароити имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимод марзу буми кишвар ва оромию суботи сартосарии онро содиқона ҳифзу ҳимоя менамоянд. Иброз шуд, ки Артиши миллӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои ҳокимияти қонунӣ, муборизаи беамон ба муқобили гурӯҳҳои силоҳбадасти ғайриқонунӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеа нақши муҳиму чашмрас дорад.

Ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Артиши миллӣ дар саросари кишвар ва дар заминаи он баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию маърифатӣ, ҳарбӣ - ватандӯстӣ ва фарҳангӣ барои таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири ҷавонону наврасон ва боло бардоштани эҳсоси ватандӯстии онҳо мусоидати зиёд мекунад. Дар ин рӯз аз ҷониби донишҷӯёни Кафдераи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имконоти таҳсил ва донишҳои азхудкардашуда муаррифӣ карда шуд.

Дар доираи чорабинии тантанавӣ бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирокчиён оид ба як қатор мавзӯъҳои дигар маърӯзаҳо пешниҳод намуда, ректори ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат барои хизматҳои софдилона бо медали ҷашнии 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор омӯзгорони Кафдераи ҳарбии он бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар идома барномаи рангини фарҳангӣ, ки тараннумгари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва сулҳу субот буд, пешниҳоди иштирокчиёни чорабинӣ карда шуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"