Баргузории ҷаласаи назоратии назди муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовинони Раиси шаҳр ва дигар масъулин вобаста ба раванди баргузории чорабиниҳои дар пешистода, ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Бо мақсади иҷрои ҳамаҷонибаи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани 5-умин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, «Дар бораи баргузор намудани Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», «Дар бораи таҷлил намудани иди Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бори дигар дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро вобаста ба дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои дарпешистода расонида, таъкид намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва воҳидҳои сохтории он аллакай бо гузашти 4 сол дар самти баргузории чорабиниҳои хоси наврӯзӣ ва мусобиқаи гуштингирӣ таҷрибаи хуб дорад ва ин чорабиниҳоро кӯшиш менамояд, ки дар сатҳи баланд баргузор намояд. Ба тамоми роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани чорабиниҳо нақша-чорабиниҳо таъсис дода дар ин самт корҳоро ба анҷом расонанд.
Аз роҳбарони Раёсати кор бо занон ва оила, Раёсати фарҳанг, Раёсати тандурустӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даъват карда шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои мавриди назар тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа зимни баромади худ таъкид намуд, ки бо дастрас намудани нусхаи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани 5-умин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, «Дар бораи баргузор намудани Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», «Дар бораи таҷлил намудани иди Рӯзи Модар аллакай роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот муваззаф гардидаанд, ки корҳоро дар ин самт дар сатҳи хуб ба роҳ монанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ