image

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР

date_range07.03.2024, 14:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye370
Модарону хоҳарони азиз!
Бонувони арҷманд!
Бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Модар, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола бо арҷгузорӣба Зан – Модар ва нақши ӯ дар зиндагии инсоният ҷашн гирифта мешавад, табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣва рӯзгори пурфайз орзу менамоям.
Ба оғози эҳёи табиат, фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги Наврӯз рост омадани Рӯзи Модар рамзи бисёр неку фархунда мебошад.
Зеро Зан – Модар худ баҳор аст ва бо меҳрубониву навозишаш зиндагии моро нуру тароват ва рӯзгори моро гармӣ мебахшад.
Воқеан, Зан – Модар тамоми ҳастии худро барои адои рисолати муқаддасу бузурги инсонӣ– офариниши ҳаёти башар, пайванди наслҳо ва рушду камоли фарзанд сарф менамояд.
Ӯ чароғи ҳар хонадон, сарчашмаи меҳр ва зинати ҷаҳон мебошад.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои наҷибона ва ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар Тоҷикистони мо ҳар сол 8-уми март ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад.
Таърихи чандинҳазорсолаву пурғановати миллатамон шаҳодат медиҳад, ки модари тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, далеру шуҷоъ, оқилу хирадманд, содиқу фидокор ва номбардори асили миллатро ба дунё овардаву дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро барои хизмати шоиста ба халқу Ватан ҳидоят намудааст.
Ин падидаи нек аз насл ба насл идома ёфта, модарону бонувони бузурги мо тамоми меҳру муҳаббат ва ҳастии худро имрӯз низ ба сарҷамъиву ободии хонадон, тарбияи фарзандони соҳибмаърифату дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣсарф месозанд.
Аз ин рӯ, нақш ва мақоми онҳо дар кишвари соҳибистиқлоли мо торафт баланд гардида, саҳмашон дар идоракунии давлат, пешрафти ҷомеа, бунёдкориву созандагӣва татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат бисёр арзишманду муҳим арзёбӣмегардад.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба занону бонувони тоҷик ҳамчун неруи бузурги созанда такя намуда, ба хотири ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба равандҳои сиёсиву иқтисодӣва иҷтимоиву фарҳангии кишвар тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос ва фаъолу ташаббускор тамоми тадбирҳои заруриро амалӣменамояд.
Модарону хоҳарони иззатманд!
Бонувони азиз!
Нақши шумо дар кори тарбияи фарзандони замони истиқлол, яъне насли ҷавони бонангу номус, солимфикру соҳибфарҳанг ва худшиносу ватандӯст имрӯз низ беандоза бузург аст.
Зеро фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик дар арсаҳои гуногуни ҳаёти давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи имрӯза бо заҳмати созанда ва ташаббусҳои ободгарона ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣва рушду пешрафти Ватани азизамон содиқона талош меварзанд.
Мавзӯи эҳтирому арҷгузорӣба Зан – Модар ва мақому ҷойгоҳи баланди ӯ дар ашъори адибони гузашта ва имрӯзаи мо ба таври шоиставу сазовор васф гардидааст.
Бо истифода аз фурсат, аз ҷавонмардони мамлакат, бахусус, ҷавонони пойтахти кишвар даъват ба амал меорам, ки бо риояи анъанаву суннатҳои неки миллати бостонии тоҷик нисбат ба модару хоҳар, духтар ва ҳамсарони худ доимо меҳрубону ғамхор бошанд, дар пешбурди зиндагӣба онҳо ҳамчун такягоҳи боэътимод ва ҳамдаму ёвари вафодор ҳамеша кумак расонанд.
Итминони комил дорам, ки модарону бонувони муҳтарами мо дар оянда низ дар роҳи таълиму тарбияи насли солиму созанда, рушди давлату ҷомеа ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон содиқона саъю талош меварзанд.
Бори дигар ҳамаи модарону бонувон ва хоҳарони азизро ба ифтихори ҷашни самимияту зебоӣва эҳтирому қадршиносӣ– Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо хонаи ободу осуда, бахту саодат ва зиндагии пурбаракат орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони арҷманд!