image

Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон

date_range07.03.2024, 15:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye319

Дар «Кохи Парфенон»-и пойтахт маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид. Дар маросими қуръакаши намояндагон аз 12 дастаи иштирокчи, собиқ футболбозон, намояндагон аз васоити ахбори омма ва дигар меҳмонон аз сохторҳои гуногун иштирок доштанд.

Дар оғоз директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвали Шоқурбонов суханрони намуда, расонидани шумораи иштирокчиёни лигаи олиро аз 10 ба 12 даста иқдоми хуб маънидод намуда, саҳми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар рушду нумуи футбол баланд арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин зикр намуд, ки бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи футболи тоҷик ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

Бояд гуфт, ки мавсими нави чемпионати Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар мавсим ҳар як тим 22 вохӯрӣ мегузаронад. Дастае, ки дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2024 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меравад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бинобар ба 12 адад расидани шумори дастаҳо дар чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар баромдро дар лигаи олӣ идома хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи чемпионати Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, бомуваффақият аз иҷозатномадиҳӣ гузаштаанд. Дастаҳои «Хулбук» ва «Моҳир», ки дар мавсими гузаштаи лигаи якум ҷойҳои чорум ва панҷумро гирифтанд, бинобар риоя накардани талаботи муқарраршудаи низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба лигаи олӣ роҳ дода нашуданд.

Зимни чорабинӣ натиҷаи қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон 2024 чунин сурат гирифт. Дар даври аввал бозиҳо байни дастаҳои «Хуҷанд» «Эсхата», «Ҳосилот» «Куктош», «Регар-ТадАЗ» «Вахш», «Истиқлол» «Истаравшан», «Барқчӣ» «Равшан» ва «Панҷшер» КМВА баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври якуми 33-юмин Чемпионати Тоҷикистон 2024 рӯзҳои 6-ум ва 7-уми апрел доир мегарданд. Ҳамчунин, бори аввал 12 даста дар Чемпионати Тоҷикистон баромад мекунанд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"