image

Дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи модар» ба кормандзанони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино табрикнома тақдим карда шуд

date_range07.03.2024, 16:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye428

Дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи модар» аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино субҳи имрӯз зери шиори «Кумак ба модар» ба як ҷанд нафар кормандзанони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино табрикномаву шириниҳо ва гулҳои тару тоза туҳфа намуда, кӯмакҳои худро дар тозаву озода намудани гирду атрофи кӯчаҳову хиёбонҳои ҳудуди ноҳия, ки ба модарони меҳрубон вобаста буд, бо иштироки аъзоёни намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия расониданд.

Иқдоми мазкур ба хотири эҳтиром гузоштан ба мақому манзалати зан-Модар ва гиромидошти хизматҳои шоёни кормандзанони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино амалӣ карда шуд, ки мақсад аз баргузории иқдоми мазкур қабл аз ҳама дастгирву хушҳол намудан ва арҷгузоштан ба эҳтироми Модарон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки Президенти мамлакат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон бахшида ба рӯзи модар иброз намуданд, ки бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"