Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Академияи ВАО ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Даҳҳо шабакаҳои телевизионӣ бо форматҳои мухталиф, рӯзномаву маҷалла, сомонаҳои хабарӣ, шабакаҳои радиоӣ имрӯз фазои иттилоотии Тоҷикистонро бо ахбороти фаврӣ таъмин менамоянд. Ба ин як аср муқаддам рузномаи тоҷикӣ замина гузошт. Нашри санаи аввалин рӯзнома имрӯз ҳамчун рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад.
Бо ибтикори роҳбарияти Академияи ВАО бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки дар он аз заминаҳои пайдоиши ВАО, марҳилаҳои рушд ва фазои иттилоотии имрӯза таҳлил гардид.
Қайд гардид, ки дар шароити як аср муқаддам нашри рӯзнома ва махсусан бо забони тоҷики амре буд муҳол. Лек ҷонбозӣ, азхудгузаштанҳо ва ҳисси баланди масъулияти ватанхоҳону миллатсозони давр бо вуҷуди ҳам гуна монеагиҳо рӯзномаеро ба чоп расонд, ки дар бедорӣ, аз байн бурдани таасуб ва хурофотпарастӣ муттаҳидсозии миллат таъсири калон гузошт.
Агарчи аввалин рӯзномаи тоҷикӣ умри зиёд надид, лек замина гузошт то минбаъд дигар нашрияҳо рӯи чоп оянд. Он замон агар ҳамагӣ 4 - 5 нафар барои як миллат матлаб ба интишор мерасонд имрӯз ҳазорҳо журналистон дар садҳо ВАО – и электронию чопӣ иттилоърасонӣ менамоянд. Шароитҳои арзандаи корӣ истифода аз технологияҳои муосир ба фаврият ва фарогирии бештари аҳолии мамлакат мусоидати фаъол намудааст.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ