Ҷашни Наврӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Баҳри таҷлил аз ҷашни Наврӯзи оламафрӯз устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо доир намудани хони идона, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва созмон додани як барномаи бошукуҳи фарҳангӣ соли нави миллиро истиқбол гирифтанд.
Дар базмгоҳи идонаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон намояндагон аз як қатор Кумитаву сохторҳои давлати ва дигар масъулин ширкат варзида, ҳозиринро бо ин ҷашни умумиллӣ шодбош намуданд. Пеш аз оғози ҳамоиши мазкур роҳбарияти Донишгоҳ ва дигар меҳмонон аз намоиши дастурхони идонаи пур аз нозу неъмат ва дигар дастовардҳои факултетҳои ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат дидан намуданд.
Дар оғоз роҳбарияти донишгоҳ сухан карда, ҳамаи ҷамъомадагон аз ҷумла тамоми мардуми тоҷикро ба ин ҷашни аҷдодӣ таҳният гуфта, афзуд, ки Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо-тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона-дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд.
Чорабинии ҷашнии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро барномаи рангини фарҳангии тараннумгари зебоиҳои ин ҷашн ва баҳори накӯ зиннат бахшид.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ