Рӯзи матбуот дар ДМТ бо баргузории Анҷуман таҷлил гардид
112 – солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо баргузор кардани Анҷуман таҷлил гардид.
Анҷуман дар ДМТ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯён доир гардид.
Муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидҷон Назариён иштирокдорон ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаи табъу нашри кишварро бо 112 – солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, ба эшон муваффақият таманно кард. Гуфта шуд, ки имрӯз технологияи навин иттилоотро ба неруи бузург табдил додааст, ки он дар пешрафти ҷаҳони муосир нақши муайянкунанда дорад. Таъкид гардид, ки нақши ВАО дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва оромиву суботи ҷомеа назаррас мебошад.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода дар баромади худ қайд кард, ки матуботи тоҷик сарфи назар аз моликият дар замони истиқлоли давлатӣ тадриҷан рушд ёфта, имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он содиқонаву софдилона хизмат мекунад. Дар айни замон нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ матбуоти давлатӣ ва мустақил дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз ҳам ҷудо нестанд, балки рисолати худро сарбаландона иҷро карда истодаанд.
Дар фарҷоми Анҷуман чанд нафар фаъолон дар риштаи рӯзноманигорӣ бо Сипосномаи Иттифоқи журанлистони Тоқикистон қадрдонӣ гардиданд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ