image

Бахшида ба 112-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи Суруш ҳамоиш доир гардид

date_range12.03.2024, 10:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye317

11 март дар Кохи Суруш бахшида ба 112-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкил шуд. Дар ин рӯз як зумра рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар ҳамоиши пуршукуҳи имсолаи Рӯзи матбуоти тоҷик Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангиашон дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтанд. Аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ поягузори ин рӯзнома буд. Ӯ дар робита ба аввалин нашрияи тоҷикӣ «Бухорои шариф» иброз доштааст, ки ««Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Ҳамчунин рӯзнома ба вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. Вале ин рӯзнома як соли пурра ҳам фаъолият накард ва баъди нашри шумораи 153-юм- 2 январи соли 1913 баста шуд.

Бояд гуфт, ки аҳли қалами тоҷик бори аввал 11 марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои шариф» чоп намуданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар зиёда аз сад соли гузашта маҳсуб мешавад. Таҷлили ин сана дар ҷумҳурӣ аз соли 1994 ба расмият даромад. Рӯзи матбуоти тоҷик яке аз падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дониста мешавад, зеро таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Дар маросими Рӯзи матбуот ба рӯзноманигорон Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвонҳои Аълочии матбуоту фарҳанг, сипосномаву ифтихорномаҳо аз вазорату идораҳо тақдим гардид.

Ҳамзамон барномаи хуби фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони боистеъдод манзури ҳозирин гардид.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"