Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 1992 Рӯзи таъсиси Прокуратураи Тоҷикистон ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 14 март иди касбии кормандони прокуратура эълон шуд. Дар ин доира маҷлиси тантанавии Прокуратураи шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.
Зимни маҷлиси тантанавӣ бо назардошти иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақияти шоён дар пурзӯр намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бахшида ба Рӯзи кормандони Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандон ҳавасманд гардонида шуданд.
Иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолияти давлатӣ ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ