image

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

date_range15.03.2024, 12:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye401

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки бо ташаббуси кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзии факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, мавзӯи “Зарурияти ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар бар гирифт.

Дар кори конференсия роҳбарият, ҳайати устодону омӯзгорон ва коршиносони Академияи идоракунии давлатӣ ва олимон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар конфронс иброз шуд, ки тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши аҳолии Сайёра дар назди инсоният масъалаҳои наверо гузошта истодааст, ки ҳалли оқилонаи онҳо боиси паст шудани шиддати таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мегардад.

Дар идома мутахассисону коршиносон доир ба мавзӯи баррасишаванда суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки тибқи иттилои расонаҳои мухталиф, дар ин муддат, масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон қариб 35 фисад кам шудааст. Бо дарназардошти фоҷеаи воқеии баҳри Арал мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем.

Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, ҳамчунин Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад ва Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёбад. Ниҳоятан 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон оид ба эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо иттифоқи оро ҷонибдории ҳаматарафаи худро пайдо намуд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"