image

Даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар н. И.Сомонӣ баргузор шуд

date_range28.03.2024, 12:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye229

Ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмун дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд. Дар ин рӯз хонандагони синфҳои 7, 8, 9, 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ширкат варзида, донишу малакаи худро санҷида истодаанд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд, барои иштирок дар даври ноҳиявии озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 240 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ба унвонии Комиссияи ноҳиявии озмун ҳуҷҷат супорида буданд, иштирок намуда, аз рӯи низоми тестӣ санҷиш супориданд. Озмун тариқи тестӣ аз рӯи барномаҳои таълимӣ сурат гирифта, саволномаҳои он бо дарназардошти шакли муассисаҳои таълимӣ дар алоҳидагӣ барои довталабон омода шудаанд.

Довталабон вобаста ба синфҳо гурӯҳбандӣ гардида, ба ҳар синф аз рӯйи 10 фанни таълимӣ саволномаҳои имтиҳони санҷиши тестӣ пешниҳод мегарданд. Барои санҷиши тестии компютерӣ аз ҳар фанни таълимӣ 10 савол пешниҳод карда мешавад. Ба довталабон барои посух додан ба саволҳо аз фанҳои дақиқ 15 дақиқа ва фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 10 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад. Бояд гуфт, ки довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон рафтори намунавӣ дошта (бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ), бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд (мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир) ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштироки фаъолона дошта бошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Ин иқдом бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврас ва ҷавон аз соли 2017 инҷониб роҳандозӣ мегардад. Сол то сол сафи довталабони стипендияи мазкур зиёд гардида, ба хотири ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"