image

Даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола дар соли 2024» дар Душанбе

date_range29.03.2024, 11:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye273

Ҷиҳати иштирок дар Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола дар соли 2024» дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина масъулин дар кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои сабзкорӣ ва боғу гулгаштҳои шаҳр гулҳои гуногуни лола шинонидаанд, ки айни замон шукуфоии онҳо сарзабзиву зебоии гушаву канори пойтахтро таъмин намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки ин Фестивал аввал дар сатҳи ноҳия, даври дуюм дар сатҳи шаҳру вилоят ва марҳилаи ниҳоии дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир карда мешавад. Баъд аз ҷамъбасти даври ноҳиявӣ инак дар пойтахт даври шаҳрии он доир гардид. Ҳайати гурӯҳи кории шаҳрии Фестивали гулҳо «Сайри гули лола» иборат аз намояндагони сохторҳои марбути мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Ҳайати гурӯҳ ин навбат фаъолияти худро аз «Боғҳои фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», Аҳмади Дониш, Боғи Устод Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, гулгашти маҷмааи Садриддин Айнӣ, кӯчаи Аҳмади Дониш, Боғҳои фарҳангиву фароғатии Мир Алишери Навоӣ ва Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур, гулгашти назди Сирк, «Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Восеъ», гулгашти назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино доир намуда, барои муайян намудани ғолибони озмун дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкории боғҳо беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошударо аз назар гузарониданд. Гуфтан ба маврид аст, ки Фестивал аз рӯйи 5 номинатсия 1-Боғи беҳтарин, 2-Гулгшати беҳтарин, 3-Кӯча ва хиёбони беҳтарин,4- Композитсияи беҳтарин ва 5-Гулпарвари беҳтарин гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур ин тарбияи ҳисси зебоипарасти, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани сунатҳои беҳтарини миллӣ ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон тозагии муҳити зист мебошад.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар маҷмуъ дар шаҳри Душанбе наздик ба 7 миллион гули лола шинонида шудааст, ки бо шукуфоии онҳо пойтахти азизамон шаҳри Душанбе боз ҳам бо як шаҳри зебову диданӣ табдил меёбад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"