Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон дар маҳаллаи Гулбутта
Дар заминаи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар шаҳарку маҳаллаҳои пойтахт вохӯрӣ бо сокинон ташкилу роҳандозӣ мегардад. Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ташкил шуда, дар он намояндагони сохтору мақомоти марбута ва олимону донишмандони соҳа ширкат менамоянд.
Мулоқоти навбатӣ, ки дар толори МТМУ №124 баргузор шуд, сокинони гурӯҳи маҳаллаҳои Гулбуттаро, ки фарогири 3 маҳалли аҳолинишин аст, ба ҳам овард. Вакил аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ доир ба муҳимият ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баромад намуданд.
Таъкид рафт, ки дар низоми давлатдории мо иораи Паём ҳамчун санди роҳнамо барои ҳамаи бахшҳои давлатдорӣ пидидаи муҳим буда, он ҳамасола ба парлумон пешниҳод мегардад. Зимнан гуфта шуд, ки Паём барномаи стратегӣ буда, рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки зарфиятҳои мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули иқтисоди «сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиётро ба нақша гирифта, ҷиҳати фаъолияти бонизоми минбаъдаи ҳамаи бахшу соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Рушд додани неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи он Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 аз мавзӯъҳои дигаре буданд, ки баромадкунандагон атрофи онҳо ибрози андеша карданд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ