image

Озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявии "Беҳтарин ҳуқуқдон" байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

date_range02.04.2024, 10:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye405

Дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ифтитоҳии Озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявии "Беҳтарин ҳуқуқдон" байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Озмуни мазкур дар доираи "Соли маърифати ҳуқукӣ» эълон гардидани соли 2024, роҳандозӣ шудааст.

Дар расми ифтитоҳии Озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявии "Беҳтарин ҳуқуқдон" байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир шуд, меҳмонон аз як қатор Кумитаву сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз роҳбарияти Донишгоҳ баргузории ингуна озмуну чорабиниҳоро дар ҳоли ҳозир амри зарурӣ донист. Ҳамзамон қайд намуд, ки Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, баргузории Озмуни ҷумҳуриявиии "Беҳтарин ҳуқуқдон"-ро байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози моҳи феврал эълон намуда буд, ки имрӯз роҳандозӣ гардид.

Сипас дар синфхонаҳои Донишгоҳ иштирокдорони озмун аз рӯи ихтисосҳои дар озмун пешниҳодгардида, имтиҳон супориданд.

Бо натиҷагирӣ аз хулосаи пешниҳодгардида ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳуқуқдон” дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз ҷониби дастандаркорон бо диплому дигар мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"