image

Баргузории намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

date_range05.04.2024, 11:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye317

Аз 3 то 5 апрели соли 2024 бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар мамлкат ҷараён дорад. Дар идомаи таҷлил аз ин рӯзҳо Осорхонаи миллии Тоҷикистон макони баргузории намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон гашт.

Намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузории як ҳамоиши фарҳангӣ ифтитоҳ гардид. Дар чорабинӣ масъулин аз Вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон ва дигар намояндагони аҳли илму фарҳанги ду кишвари дӯст иштирок намуданд.

Масъулин роҷеъ ба робитаҳои мутақобилан судманди фарҳангии Тоҷикистон ва Туркманистон ибрози назар намуда, гуфта шуд, ки муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, анъанаҳо ва муштаракоти фарҳангӣду миллатро ба ҳам мепайванданд.

Дар идома иштрокдорони чорабинӣ аз намошигоҳи ташкилгардида боздид намуда, бо маҳсули дасти ҳунармандони Туркманистон шинос гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки намоише, ки ба маъраз гузошта шуд, бозгӯи густариши робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии санъати ҳунармандони чирадасти Туркманистон ба мардуми тоҷик буд. Намоишгоҳҳунари қишрҳои фарҳангии Туркманистон, назири заргарӣ, бурёбофӣ созҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дигар ҳунарҳои дастии мардуми туркманро дар бар мегирифт.

Бояд гуфт, ки пояи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол ҳанӯз 27 январи соли 1993 тибқи санад «Доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» оғоз гардида буд. Дар назар аст, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"