image

Тарбиятгирандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сайри гули лола баромаданд

date_range05.04.2024, 14:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye375

Лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаҳои фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд. Бо ташаббуси Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо истифода аз ҳавои муносиб бо ҷалби тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия сайри гули лола доир гашт. Дар ин рӯз кӯдакони хуштолеъи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Боғи сабзу хуррами Ирами пойтахт ташриф оварда дар майдони гули лола бо ҳам шодиву хурсандӣ намуданд.

Гули лола аз тухмдонаи нави ҳарсолааш рӯида, дар моҳҳои апрел-май дар саросари кишварҳои дунё ба чашм мерасад. Умри гули лола ҳамагӣ қариб 100 рӯзро ташкил менамояд. Гули лола ба унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адабиёти тоҷик нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон бо гули лола шиносоӣ доштаанд ва онро дар ашъори хеш таъбиру тасвири зебо кардаанд, ба мисли лолаи доғдор, лолапӯш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, лоласон ва ғайра.

Имрӯз мо бо ифтихор мегӯем, ки ба туфайли заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гулҳои лола бо рангу шаклҳои мухталиф боғу гулгашт, чаману канори хиёбону кӯчаҳо ва боғчаҳои назди ҳавлиҳоро боз ҳам зеботару хушбӯтар гардонидаанд.

Тавре, ки масъулин изҳор медоранд, ҳадаф аз доир намудани озмуни Сайри гули лола дар мамлакат ин баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Ҷашни «Сайри гули лола» чанд соли охир дубора эҳё гардид ва инак се сол аст, ки бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар саросари мамлакат таҷлил мегардад.

Баргузории озмун ба эҳёи суннатҳои ниёгон, тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободии муҳити зист, рушди гулпарварӣ, афзун намудани муҳаббат ба табиат, ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвари мо мусоидат менамояд.

Умуман, дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ лола гули «Ороиши соли нав», «Арӯси сол» ва ҳоло бо номи «Маликаи табиат» дар айёми баҳор ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту теппаҳоро дар байни сабзаву гиёҳҳо махмалпӯш намуда, табиатро бо ҷилваи латифи худ зебову ҳаловатбахш менамояд. Ин гули зебо дар ҳақиқат ҳамчун «Маликаи табиат» ниҳоят зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва ба он бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани қавӣ мебошанд. Гули лола гули ишқу муҳаббат, ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯи табиат буда, ҳаргиз ба ҳеҷ кадоми онҳо зарар намерасонад.

Хотиррасон намудан зарур аст, ки атрофи кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғчаҳо ва боғу чаманзори навободи шаҳри Душанбе ҳар сол дар айёми баҳор то тобистон бо лолаҳои гуногунранг бо санъату фарҳанги воло оро дода мешавад. Зебоиву таровати он ба шаҳр нури беҳамто мебахшад, ки дар ин ҷо хизмати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ назаррас аст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"