image

Дар ноҳияи Шоҳмансур шанбегии оммавӣ баргузор карда шуд

date_range08.04.2024, 09:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye296

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияҳои шаҳр тадбирҳои экологӣ баргузор гардид. Дар раванди корҳои тозакорӣ ва ободонӣ кормандони касбу кори гуногун ширкат намуда, барои тозагии гӯшаву канори шаҳр саҳм гузоштанд.

Дар баробари дигар ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансур низ тадбирҳои тозакорӣ созмон ёфт. Аъзои кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони пойтахт дар оромгоҳи Маҳаллаи Бӯстон 1-и ноҳияи Шоҳмансур, шанбегиҳои оммавӣ баргузор намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабиниҳои ободонӣ, ин тозагии муҳити зист аз ҳаргуна партовҳои сахти маишӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила тарғиби тарзи ҳаёти солим тозаю озода нигоҳ доштани назди биноҳои маъмурии корхонаҳо, маҳали аҳолинишин, оромгоҳҳои пойтахт ва ҷалби бештари шаҳрвандон ба беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ инчунин ба ин васила саҳмгузорӣ дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият, одоби шаҳрнишинӣ, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе мебошад.

Ҳамзамон, иқдоми мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе ташкил шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, пайваста иқдомҳои созандаи худро дар доираи барномаҳои худ баҳри ободу зебо гардонидани ватани азизамон – Тоҷикистон бо ҷалби аъзои пурифтихораш амалӣ мегардонад.

Бояд гуфт, ки тозагиву ободонӣ рисолати мардуми сарбаланди мо буда, он яке аз рукнҳои муҳими анъанаҳои миллии мо маҳсуб меёбад ва дар замири кӯдакону наврасон ҳисси зебоипарастиро талқину ташвиқ менамояд. Аз ин рӯ, сокинони пойтахт бояд назди хонаву коргоҳ, кӯчаву роҳҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дар маҷмӯъ, пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо, ки хонаи умеди мост, тозаву озода нигоҳ дорем ва моликияти ҷамъиятиву коммуналиро самаранок истифода барем.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдомҳо дар ҳошияи тадбирҳои сарсабзу хуррамгардонии ҳизбиёни пойтахт то 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"