БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА" ДАР ПОЙТАХТ
08.04.2024. ш.Душанбе. Имрӯз дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо - «Сайри гули лола» дар пойтахт барпо гардид.
Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок карданд. Пеш аз оғози маросими ҷоизасупорӣ дар боғ намоиши зебое аз ҷониби дӯстрӯякони боғчаҳои бачагонаи пойтахт ба мараз гузошта шуд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зикр кард, ки натиҷаи сиёсати бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому заҳматҳои ҳамарӯзаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе мебошад, ки пойтахти азизамон дар давоми солҳои охир симои наву замонавӣ гирифта, ба талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ мутобиқ гардида истодааст.
Бахусус Пешвои миллат дар мавриди дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботҳои агротехникӣ иҷро гардидани корҳои ободониву кабудизоркунӣ диққати махсус дода, ҳамарӯза ҷиҳати пешрафти соҳа, истифода намудан аз таҷрибаи пешқадами парвариши гулҳо ва дарахту буттаҳоро дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони дохил ва хориҷи кишвар дастуру ҳидоятҳо медиҳанд.
Раванди корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи Нақшаи генералии шаҳр ва бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа ба роҳ монда шудааст.
Дар ин ҷода, бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 марти соли 2024 ”Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии сокинон мебошад. Тибқи нақша дар доираи фестивали мазкур корҳои шинонидани тухмии пиёзаки гули лола ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2023 оғоз гардида, дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва мавзеъҳои алоҳидаи шаҳр зиёда аз 6 миллиону 600 ҳазор дона бо дизайн ва композитсияҳои муосир шинонида шуд.
Дар доираи баргузории фестивали мазкур ҳамзамон гузаронидани озмуни гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” ба нақша гирифта шуд, ки аз 5 номинатсия: номинатсияи боғи беҳтарин, гулгашти беҳтарин, кӯчаи (хиёбони) беҳтарин, композитсияи беҳтарин ва гулпарвари беҳтарин иборат буда, дар ду давр даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ гузаронида шуд.
Даври якуми озмун дар ноҳияҳои шаҳр баргузор гардида, ғолибони озмун дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Даври шаҳрии озмун тибқи низомнома аз тарафи гурӯҳҳои корӣ баъд аз пешниҳоди натиҷаҳои ҷамъбасти озмуни ноҳиявӣ баргузор гардид. Аз тарафи гурӯҳи корӣ ҳамаи боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳр мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар рафти баҳогузорӣ шумораи гулҳои шинонидашуда, намуди гулҳо, интихоби композитсия ва дизайни ҷолиб дар мавзеъҳои гулзоршуда, сифати корҳои иҷрошуда, ҳолати нашъунамо, тозагӣ ва корҳои ободонӣ ба инобат гирифта шуд.
Тавре, ки аз натиҷаҳои баргузории озмун муайян гардид, аз тарафи сохторҳои коммуналии шаҳр ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, дар ободии пойтахт саҳми арзанда гузоштанд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмун мукофотҳоро супориданд. Ёдовар мешавем, ки ғолибони ҳама оминатсияҳои озмун барои ишғоли ҷойҳо бо Дипломҳои дараҷи 1, 2, 3 ва маблағи пулӣ мутаносибан ба андозаи 10000, 7000 ва 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ