
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯҲОИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар бо довталабони рӯзи аввали озмуни мазкур, ки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе буданд, дар синфхонаи компютерӣ мулоқот доир намуда, ба онҳо ҷиҳати ғолиб гардиданашон дар озмун барору комёбӣ таманно намуд.
Инчунин, тибқи ҷадвали баргузории озмун, санаи 8 апрели соли ҷорӣ озмун миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе бо фарогирии 163 нафар, рӯзи 9 апрел миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳр бо фарогирии беш аз 30 нафар ва рӯзҳои 11-13 миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои шаҳри Душанбе бо фарогирии беш аз 500 нафар довталабон аз ҳисоби ғолибони даври ноҳиявии озмуни стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе баргузор карда шуда, ғолибони озмун дар натиҷаи ҷамъбасти кори Комиссия тавассути саҳифаҳои Раисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои маориф ва кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе эълон мегарданд.
Иттилоъ медиҳем, ки бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар толори муассисаи болозикр зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар бо ҳайати Комиссияи даври шаҳрӣ, Комиссияи экспертӣ ва директорони Коллеҷу омӯзишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир гардида, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ