image

Даври шаҳрии Озмун барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе миёни хонандагону донишҷӯён

date_range12.04.2024, 11:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye231

Озмун барои дарёфти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар пайравӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эълон гардида буд инак даври шаҳрии он ҷараён дорад. Стипендияи мазкур дар асоси Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташкил шудааст. Мақсади баргузор намудани озмун дарёфти хонандагону донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил доранду рафтори намунавӣ ва эҳтироми хосса дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон доранд маънидод карда шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки тибқи қарори марбута аз ҳисоби кормандони Раёсати кор бо ҷавонон, маориф, фарҳанг, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ва дигар сохторҳои марбутаи пойтахт комисияи ваколатдор таъсис дода шудааст, ки онро муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода роҳбарӣ мекунад.

Имтиҳонҳо барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва барномаи тестии электронӣ гузаронида шуда, раванди он аз ҷониби ҳайати коммисия ва довталабону волидайни онҳо тавассути дастгоҳу камераҳои мушоҳидавӣ, ва мониторҳо назорат карда мешавад.

Ба хонандагону донишҷӯёне, ки аз озмун мегузаранд дар давоми 9 моҳи таҳсил, стипендия Раиси шаҳри Душанбе дода мешавад. Маблағи моҳона барои 1 нафар донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ 300 сомонӣ ва барои олимон бошад 400 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"