image

Баргузории чорабиниҳо ба хотири рушди фарҳанги миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range12.04.2024, 12:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye333

Бар кардани либосҳои милливу ташкили чорабиниҳои ҳамсон ба хотири рушди фарҳанги миллӣ яке аз анъанаҳоест, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе пайваста роҳандозӣ мегардад. Ин навбат таълимгирандагони муассисаҳои томактабии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур бо бабар кардани либосҳои миллӣ ба сайри гули лола баромаданд. Тавре масъулин мегӯянд чунин ҳамоишу чорабиниҳо дар фасли зебои баҳор бештар тақвият меёбанд.

Бояд гуфт, ки дар фарҳанги тоҷикон гули Лола бо номи «Арӯси сол» машҳур аст, вале дар замони муосир баробари пешрафти диду фаҳм ва муҳаббат нисбати табиату зебоиҳои он метавон онро «Маликаи табиат» номид, ки дорои навъҳои зиёде мебошад.

Дар доираи корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва татбиқи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба созандагиву гулзоркунии атроф дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт гулҳои баҳорӣ шинонидаву парвариш меёбанд, ки ба фазои экологии Душанбешаҳр таррануми тоза бохшида зебоии онро таъмин менамоянд. Ҳамин аст, ки гулдухтарону бонувон бо иштирок дар чорабиниҳои баҳорӣ ба сайру гашт мебароянд.

Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Алишер Навоӣ низ аз ин иқдоми ободониву гулзорнамоӣ дар канор набуда, кормандони он баҳри гулгул шукуфон намудану муҳайё кардани шароитҳои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони Душанбешаҳр ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе ба шинонидани гулҳои мавсимиву бисёрсола камар бастаанд. Гулдухтарону бонувони ноҳияи Шоҳмансур бо истифода аз фазои орому осудаи кишвар зери унвони “Тоҷикона мепушем” аксияи таблиғотию ташвиқотиро ба роҳ монданд, ки дар он намоиши либосҳо ва сайругашти оммавӣ мушоҳида гардид.

Мақсади ташкили чунин аксияҳоро масъулин дар тарғибу ташвиқи либоси миллӣ миёни бонувон, бахусус, ҷавондухтарон маънидод карданд.

Дар ин росто саъю талошҳои кормандони боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Алишер Навоӣ бар он равона шудааст, ки бо оро додани боғ бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишиву сояафкан фароғати шаҳрвандону меҳмононро таъмин намоянд.

Дар идомаи чорабиниҳои баҳорӣ, ки аз ҷониби МИҲД ноҳияи Шоҳмансур ташкилу роҳандозӣ гардид, дар боғи Куруши Кабири пойтахт сад ранги чакан гузаронида шуд. Дар ин аксия низ либосҳои миллӣ аз ҷумла чакан, ки ҷузъе аз мероси пурғановати тоҷик буда, дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст намоиш дода шуданд.

Либоси миллии тоҷикӣ ифодагари назокату малоҳати бонуи тоҷик буда, дар сартосари олам маҳз бо атласу адрас ва чакан симои занҳои тоҷикро мешиносанд. Либоси миллӣ тараннумгари фарҳанги волои миллат аст.

“Дар навбати аввал моро аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд ва мо бояд унсурҳои миллию хосаи худро дошта бошем” - мегӯянд, бонувони атласу чаканбабари ноҳияи Шоҳмансур.

Ҳамчунин ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хосса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад.

Маълум аст, ки либос нақши зебоипарастиро бозида, табиист, ки вобаста ба маросиму ҷашнвораҳо, синну сол интихоб карда мешавад. Либоси зебову миллии мо аз фарҳанги волову зебои мардуми қадимаи тоҷик дарак медиҳад.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"