image

Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ

date_range16.04.2024, 11:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye253

«Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» - чунин номгузорӣ шуд воҳӯрӣ бо донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ.

Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти донишгоҳ ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки замони муосир аз тамоми қишрҳои ҷомеа тақозо менамояд, то эҳсоси ватандӯстии худро тақвият бахшанд ва баҳри ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ дар талош бошанд. Зеро маҳз ватандӯстию арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ маҳаки асосии пойдории ҳар як давлату миллат дар замони зудтағйирёбанда ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки ниёгони мо дар гузашти рӯзгор асарҳои мондание боқӣ гузоштаанд, ки дар онҳо масоили ватану ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми он ҷойгоҳи хоса дорад. Адабиёти тоҷик ба унвони беназиртарин адабиёт, муаррифгари андешаҳои солиму созанда ва башардӯстонаи фарзандони фарзонаи миллат ба ҷаҳониён аст, ки гӯяндагонаш ҳамвора ҳамдиливу меҳрубонӣ ва оромишу суботи оламро талқин менамуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пеш аз ҳама, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар мамлакат, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Гуфта шуд, ки бо эътимоду эҳтироми хосса ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавононро мебояд, ки қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии хешро барои ҳифзи Истиқлолияти комилан орому озодӣ Тоҷикистони азизамон равона сохта, барои эҳёи ғояву арзишҳо миллӣ – ватандӯстӣ, дарки баланди онҳо, ташаккули худшиносии миллӣ, такмили ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватани азизамон равона созем.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"