image

Мулоқоти роҳбарияти ВКД ҶТ бо фаъолони ноҳияи Шоҳмансур

date_range17.04.2024, 10:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye153

Чун дигар мулоқоту вохӯриҳои судманд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вохӯрии навбатии худро бо кормандони сохторҳои марбутаи ноҳияи Шоҳмансур, фаъолон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҳудуди ноҳия доир намуд.

Зимни суханронии хеш мавсуф қайд намуд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо фарогирии маҷмӯи масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоии ҷомеаи кишвар, иқдоми навбатии шоистаи Сарвари хирадманди мамлакат маҳсуб мегардад. Пешвои миллат дар оғози суханронии пурмӯҳтавои хеш иброз доштанд, ки миллати тоҷик дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии хеш дар сарҳади бархурди режимҳои исломиву дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои милии таърихиву замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида қарор гирифт.

Ҳамзамон дар идома иброз гардид, ки дар мулоқот Пешвои миллат ин саҳифаҳои таърихи давлатдории навини моро барои он варақгардон намуданд, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бахусус ҷавонон бояд бидонанд, ки ҳаёти орому осоишта ва серу пури кунунии мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Пешвои миллат ҳамчунин бо баёд овардани вазъи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҷомеаи имрӯзаи кишварро ҳушдор доданд, ки сӯиистифода аз масоили динӣ, зиёдаравию таҳаммулнопазирӣ, амалҳои ғайриинсониву ифротӣ, динро вобастаи амалҳои нопок сохтан оқибати фоҷеабор дорад. Яъне, ҳаводису омилҳои муноқишаҳои низомиву сиёсии ҳамон солҳо барои халқи шарафманди тоҷик сабақи зиндагӣ гардид. Дар мулоқот Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки муҳим он аст, ки қадри тинҷию амонӣ, ваҳдати миллӣ ва оромии кишвар шинохта шавад. Воситаи муассири шинохти ин неъматҳо қадршиносӣ аз раванди сулҳ ва пешвои қаҳрамони он аст, ки ҷони худро ба каф гирифта, ҳастии миллатро ҳифз кардаанд.

Ҳамзамон дар идома сардори Раёсати Вазорати коҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ бобати пешгирии хонандагон аз сари вақт ҳозир нашудан ба дарс, дурмондани онҳо аз мактаб ва пайвастанашон ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, инчуни пешгирии онҳо аз оворагардӣ маърӯза кард.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"