image

Мулоқоти намояндагони Прокуратураи шаҳри Душанбе бо хонандагони МТМУ №52

date_range24.04.2024, 11:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye255

Хурофоту зиёдаравӣ, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, тарбияи дурусти фарзанд, одобу ахлоқи ҳамида ва риояи қонуну қарорҳои амалкунанда аз мавзӯҳои асосии вохӯрии намояндагони мақомоти прокуратураи пойтахт ва сохторҳои шаҳри Душанбе бо хонандагони МТМУ №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ буданд.

Ҷаласаи мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе бо ҷалб ва ҳамкории намояндагони соҳаи маорифу шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуд. Ин мулоқот ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи марти имсол бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар доир гардида буд, баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар ҳама суханронияшон аз тарбияи насли наврас сар карда то пойдории арзишҳои фарҳангӣ ва пешгирии хурофоту ифротгароиро таъкид мекунанд.

Зимни суханронии Прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи шаҳри Душанбе Манучеҳр Аҷикзода иброз шуд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо фарогирии маҷмӯи масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоии ҷомеаи кишвар, иқдоми навбатии шоистаи Сарвари хирадманди мамлакат маҳсуб мегардад.

Дар идома аз бандҳои Қонунҳои ҶТ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” ва дигарҳо иқтибосҳо оварда шуд ва мавриди таҳлилу барраси қарор дода шуданд.

Дар идома аз ҳодисаву руйдодҳои нохуше, ки бо иштироки ноболиғон рух додаанд мисолҳои мушаххас оварда шуд. Дар ин росто аз ҳозирини наврас даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати арзишҳои фарҳангӣ ва таълиму тарбия беаҳамият набошанд ва дар пешрафти кишвари маҳбубамон бо омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар ояндаи хешро дурахшон гардонанд.

Тавре зимни суханронии Абдуалим Норасов гуфта шуд, имрӯзҳо хатару таҳдидҳои замони муосир моро водор месозад, ки ҳушёр бошем ва хатару таҳдидҳои ба амнияти мо халал эҷодкунандаро пешгири намоем. Ин ҳама он вақт амалӣ мегардад, ки тарбияи насли наврасу ҷавон хуб ба роҳ монда шавад. Дар ин самт саҳми волидайнро муҳимтар арзёбӣ карданд. Ҳамчунин вобаста ба эҳтироми атрофиён, хоса калонсолон ва омӯзгорон ба насли наврас таъкидҳо карда шуд.

Ба гуфтаи масъулин аз ҷониби мақомоти прокуратура корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, тарбияи фарзанд, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон хоса ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, фарҳанги бегонапарастӣ пайваста ташкилу роҳандозӣ мегарданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"