image

Нақши занон дар рушди илми тоҷик дар марҳилаи давлатдории навин

date_range24.04.2024, 11:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye259

«Нақши занон дар рушди илми тоҷик дар марҳилаи давлатдории навин» таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи психологияи ва сотсиологияи идоракунии факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳафтаи илм семинари илмӣ-амалӣ доир карда шуд.

Дар кори семинари мазкур роҳбарияту устодон, Намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон донишҷӯён иштирок намуданд.

Иброз шуд, ки нақши занон дар рушди илми тоҷик дар марҳилаи ташаккули давлатдории навини мамлакат калидӣ ва заминагузор мебошад. Дар давраи ташаккули давлати нав Тоҷикистон бо бисёр мушкилот ва вазифаҳо, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф рӯ ба рӯ шуд. Занон дар ин раванд нақши муҳим бозиданд ва дар рушди таҳқиқоти илмӣ, маориф ва инноватсия саҳм мегузоранд. Дар оғози давлатдории нави Тоҷикистон занон бо баъзе монеаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд, ки имкониятҳои онҳоро дар соҳаи илм маҳдуд мекунанд. Бо вуҷуди ин бо гузашти вақт ва тағйирот дар ҷомеа, занон дар таҳқиқоти илмӣ, маориф, фаъолияти инноватсионӣ ва рушди технологияҳои нав фаъолона иштирок карданд.

Дар идома гуфта шуд, ки олимон ва мутахассисони тоҷик аз ҳисоби занон дар Тоҷикистон имрӯз дар муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо, лабораторияҳо ва марказҳои инноватсионӣ мавқеи баланд доранд. Таҷриба, дониш ва касбияти онҳо ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилот дар кишвар ва ташаккули иқтидори зеҳнӣ барои рушди оянда мусоидат мекунад.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳозирин доир ба масъалаҳои баррасигардида, фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"