Дар кӯчаву хиёбонҳои н.Шоҳмансур гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд
Ҳамасола дар шаҳри Душанбе баҳри вусъати корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ дар ноҳияҳои шаҳр тадбирҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ роҳандозӣ карда мешавад. Аз тарафи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди кӯчаву хиёбонҳои ноҳия гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.
Дар фасли зебои сол – баҳор кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баҳри тақвият додани корҳои ободонию созандагӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе машғули корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ мебошанд. Ҷиҳати ободу зебо ва назаррабо намудани гулгашту хиёбонҳо масъулини Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар асоси дастуру супоришҳои шаҳрдорӣ ва ҳамзамон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи раёсат як қатор корҳои ободониро хуб ба роҳ монданд.
Дар фасли баҳор гулу дарахтон шукуфта, сабзухуррам мегарданд. Имрӯз дар гармхонаҳои замонавии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд. Дар воқеъ кормандони ин сохтори коммуналӣ шумораи гулҳои мавсимиро дар гармхонаҳо дучанд намуда, сайъ доранд дар мавсими баҳор гулҳои рангорангро дар мавзеъҳои назаррабои шаҳр шинонида, зебу зиннат диҳанд.
Сураъти корҳои ободониву созандагӣ ва натиҷаи онро дар кӯчаву хиёбон ва гулгашту чаманистонҳои пойтахт метавон ҳамарӯза мушоҳида намуд. Зеро симои пойтахт тадриҷан тағйир ёфта, пойтахт ба як шаҳри озодаву шукуфон табдил ёфтааст. Масъулин нақша доранд, ки марҳила ба марҳила ва дар доираи ҳар мавсими сол бо шинонидани гулҳои ороишӣ зебоии гулгаштҳоро таъмин намоянд.
Бори дигар хотиррасон бояд намуд, ки ин ҳама меҳнату заҳмате, ки дар ободиву озодагӣ, шукуфоии гулгашту хиёбонҳо ба назар мерасад аз самараи соҳибистиқлолии кишварамон дарак медиҳад.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ