image

Рӯзи дарҳои боз дар Китобхонаи миллӣ

date_range24.04.2024, 11:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye236

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи «Дарҳои боз» баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва дигар дӯстдорони олами китоб иштирок намуданд.

Саҳни бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон идона оро ёфта буд. Дар назди даромадгоҳи китобхона намоиш – фурӯши китобҳои тозанашри шуъбаҳои китобхона ба роҳ монда шуд, ки ин ҳолат боиси хурсандии дӯстдорони китоб гашт.

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур дар як сол ду маротиба гузаронида шуда, ҳадафи асосии он ин ҷалби ҷавонону наврасон ба китобу китобхонӣ ва ошноии онҳо бо китобҳои тозанашри китобхона мебошад. Р

оҳбарияти Китобхонаи миллӣ меҳмононро, ки аз вазорату идораҳои кишвар ва муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ҳамзамон, намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷиро ба ин боргоҳи илму маърифат, самимона хайрамақдам гуфт. Дар идомаи суханронӣ зикр шуд, ки миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, барояш китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд. Тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат мешумориданд, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан таърихи китобдории кишвари мо аз таърихи пурғановат ва доманадор бархурдор буда, имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.

Дар идомаи ин тадбири маърифатӣ як зумра кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои хизматхои шоён ба унвонҳои Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мушарраф гардиданд, ки ба онҳо роҳбарияти китобхона ва намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиазаҳоро тақдим карданд.

Маврид ба зикр аст, ки барои дар сатҳи хуб муаррифӣ кардани китобҳо ва имкониятҳои Китобхона ба сайёҳону меҳмонон аз ҳисоби кормандони тамоми шуъбаву бахшҳо 50 нафар кормандони ҷавон сафарбар карда шуданд, ки онҳо иштирокчиёнро роҳнамоӣ намуданд.

Ҳамчунин меҳмонон пас аз сайёҳати китобхона таассуроти худро баён намуданд ва аксарияти онҳо дар китобхона аъзо шуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин толори озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки ташаббуси Китобхонаи миллист, ифтитоҳ гардид. Дар он асарҳои Пешвои миллат ва осори дигаре бахшида ба фаъолиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намош гузошта шуданд.

Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки чорабинии “Рӯзи дарҳои боз” солҳои пешин ду рӯз идома мекард. Ин навбат бошад бо ибтикори роҳбарияти Китобхонаи миллӣ он се рӯз давом намуд. Дар асоси иттилоъи масъулин дар ин рӯз аз тамоми вазорату кумитаҳо ва муассисаҳои давлатию донишгоҳҳо зиёда аз 600 нафар ба Китобхонаи миллӣ омадаанд, ки қисми зиёди онҳоро наврасону ҷавонон ташкил менамуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"