image

Тарғиби либоси миллӣ дар муассисаи таҳсилоти томактабии №112

date_range24.04.2024, 15:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye158

Вобаста ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва арҷу эҳтиром ба он дар сохтору мақомоти гуногун чораҳои муассир руйи даст гирифта шудааст. Роҳбарият ва мураббиёни муассисаи таҳсилоти томактабии №112-и н.Сино низ ин навбат машғулияти худро ба ин мавзӯ бахшиданд.

Зимни машғулияти маърифатӣ ва зебоишиносӣ тарбиятгирандагони муассиса бо либоси миллӣ баромад намуда, онро бо ҳавас барои ҳамсолони худ муаррифӣ намуданд, ки хеле ҷолиб ва зебову рангоранг буд.

Вобаста ба таҳкими худшиносӣ ва тақвияти арзишҳои фарҳангӣ дар замири насли наврас ташкили чунин чорабиниҳо амри зарурӣ буда, он бояд дар соатҳои гуногун аз ҷониби масъулин гузаронида шавад.

Барномаи фарҳангии кӯдакону наврасон низ ҷолиб буда, фарогири суруду таронаҳои ватандӯстӣ буд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"