image

Баргузории даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар н.Шоҳмансур

date_range07.05.2024, 11:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye105

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.

Дар даври ноҳиявии озмун ғолибони даври дохилимуассисавӣ аз сохтору ташкилот ва муассисаҳои ноҳияи Шоҳмансур дар панҷ номинатсия иштирок мекунанд. Тазаккур бояд дод, ки даври дохилимуассисавии озмун бо рақобати солими иштирокчиёни он ҷамъбаст гардида, барои иштирок дар даври ноҳиявии он 800 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рохҳат гирифтанд. Дар рӯзи аввали даври ноҳиявии озмун зиёда аз 318 нафар довталабон аз рӯи номинатсияи «Адабиёти кӯдакон ва наврасон» байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур санаҳои 6-8-уми майи соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 бо иштироки ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисоу коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва аҳли қаламу адаб гузаронида мешавад. Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври шаҳрӣ мегарданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"