image

Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range07.05.2024, 15:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye77

Дар толори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз" Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Шоҳмансур баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, кормандони ҳизбии ноҳия, фаъолон аз кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ҳизбии ноҳия ширкат варзиданд.

Маҷлисро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ бо суханони ифтитоҳии худ оғоз намуда, нахуст ҳайати иштирокдоронро бо масъалаҳои баррасишавандаи рӯзномаи маҷлис, ки 3 масъаларо дар бар гирифт ошно сохт.

Дар идома, муовини Раисии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуда, зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони боэтимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ дар роҳи устуворсозии ваҳдату ягонагӣ ва тамини ояндаи неки кишвар равона гардидааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тақвияти корҳои таблиғотӣ, фаъолияти дохилиҳизбӣ, ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб, риоя намудани одобномаи корманди ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҳизбӣ ба масулини кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳо доданд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"