Таҷлили Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳияи Сино
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар толори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Самараи умр» баргузор гардид. Дар чорабинӣ оилаҳои собиқадор, оилаҳои ҷавон, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Қабл аз оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоиш ва дастовардҳои Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дидан намуданд.
Дар маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Самараи умр» намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, оилаҳои намунавӣ, фаъолзанони ноҳия иштирок намуданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар оғози чорабинӣ доир ба дастовардҳои оилаҳои намунавии ноҳияи Сино суханронӣ кард. Зимни баромади худ масъулин изҳор доштанд, ки оила ниҳоди қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳиме дар ҷомеаи инсонӣ мебозад. Оила беҳтарин сохтор барои баркамол расидани фарзандон аст. Фарҳанги накӯи оиладорӣ аз суннатҳои деринаи тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Дар баромади намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки оила сохтори хурде мебошад, ки қонуну қоидаи худро дорад. Дар ҳамин макон агар фарзандон дуруст тарбия ёбанд, чун фарзандони солиму баркамол ва баору номус ба халқу Ватани худ содиқона хизмат менамоянд. Оила мактаби авалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рӯзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистоне, ки омӯзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд.
Дар рафти чорабинӣ ба оилаҳои собиқадор ва намунавии ноҳия ва омӯзгорони фаъол аз ҳисоби занон, ки зиндагии хуб ва зеборо гузарониданд, туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино тақдим карда шуд. Мавриди зикр аст, ки қадрдонии оилаҳои намунавӣ барои таҳикми фарҳанги оиладорӣ замина мегузорад. Ҳамин аст, ки пайваста рӯзгори босаодати онҳо барои ҷавонон ҳамчун намуна пешниҳод карда мешавад.
Дар раванди чорабинии идона ба муносибати Рӯзи оила ҳамчунин ба ду ҷуфти ҷавон, ки ба тозагӣ оила бунёд намудаанд, шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим шуд.
Сипас аз тарафи санъаткорон чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки писанди аҳли толор шуд. Аҳли ҳунар доир ба арзишҳои неки инсонӣ ва тараннуми зебоиҳои кишвар барномаи консертиро пешниҳод намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ