«Мо насли хушбахти замон». Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Осорхонаи миллӣ
Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» баргузор гардид. Дар ин чорабинии идона 50 нафар тарбиятгирандагони “Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Кӯдакон сармояи инсонӣ, ояндаи имрӯзу фардои оила ва миллат буда, ғамхорӣ нисбат ба онҳо вазифаи муҳимтарини ҷомеа ва давлат мебошад. Бо зикри ин нукта роҳбарияти Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон»-ро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон оғоз бахшиданд. Зикр шуд, ки талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд.
Бояд гуфт, ки Осорхонаи миллӣ чорабинии мазкурро дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор намуд. Дар он доираи васеи ҳунармандону санъаткорони Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон”, “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва “Сирки давлатӣ” иштирок намуда, барномаи ҷолибу тамошобобро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Ҳамзамон, ба хотири хушҳол намудани кӯдакону наврасон маҳфилҳои фарҳангии “Чеҳранигор”, нақшу нигори гулҳо дар дастон “Ҳино”, “Нақши аспсавори шӯх”, бо қоғазҳои ранга омода намудани ҳаргуна бозичаҳо, инчунин маҳфили кӯдакон - “Космо Ленд” ва ғайра ташкил карда шуд. Мавриди зкир аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби сарпарасти кул КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” ва шарикон Маҳсулоти қаннодии "Шоколатье" ва маркази фароғатии кӯдакон - “Космо Ленд” сарпарстӣ гардида, ба ҳамаи тарбиятгирандагони “Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и шаҳри Душанбе тӯҳфаиҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ