image

«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парлумонӣ оғоз гардид

date_range10.06.2024, 11:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye163

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Форуми байналмилалии парлумонӣ оғоз гардид.

Форум бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши фаъол доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи парлумонҳои ҷаҳонӣ, алалхусус минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» амалӣ гардид.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Ассотсиатсияи аҳолӣ ва рушди Осиё (APDA) ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатии муқими Душанбе, ташкилоти байналмилалӣ, ҷавонони ташаббускор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва воситаҳои ахбори иштирок доранд.

Дар форум вакилони парлумонҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малайзия, Арманистон, Австрия, Босния ва Герсеговина, Молдова, Непал, Руминия ва намояндагони минтақавию кишварии ниҳодҳои байналмилалӣ иштирок доранд.

Зимни баргузории форум масоили тавонмандсозии занон, ҷавонон, баробарии гендерӣ, устувории демографӣ, камбизоатӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим, инчунин роҳҳои ҳалли татбиқи иқтидори пурраи занон тавассути сиёсати оилавӣ, таҳкими шарикӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 ва табодули таҷриба барои баланд бардоштани огоҳӣ ва саҳмгузорӣ оид ба рушди устувор матраҳ мешавад.

Ҳамзамон Эъломияи Душанбе таҳия ва қабул мегардад, ки дар он амалҳои мушаххаси аз ҷониби вакилони парлумонҳо барои муайян намудани афзалияти устувории демографӣ, баробарии гендерӣ, тавсеаи ҳуқуқу тавонмандиҳои ҷавонон, амнияти об ва амалҳо оид ба тағйирёбии иқлим баҳри ноил шудан ба рӯзномаи Конфронси байналхалқӣ оид ба аҳолӣ ва рушд, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор инъикос меёбанд.

Иштирокчиёни ҷаласаи парлумонии минтақавӣ ҳамоиши байналмилалии парлумонҳоро баргузор намуда, дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал, Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар пойтахти мамлакат доир мешавад, иштирок намуда, маконҳои фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисорро тамошо менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD) аз 33 Кумитаи миллӣ, ки дар ҳайати худ вакилони парлумонҳои минтақаҳои Осиё-Уқёнуси Ором ва Осиёи Марказиро ба ҳам овардааст, иборат мебошад. AFPPD ҳамчун форум барои тавсия ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳои пешгирифта бо мақсади фароҳам овардани ояндаи беҳтар барои тамоми инсоният, бахусус қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла занон, кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон хизмат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  10-13 июни соли 2024 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ҳадафи конференсия тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад. Бешубҳа, натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид-2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.