Истироҳатгоҳи Шарораи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавсими нави истироҳат бо беҳтарин шароит дари худро баҳри фароғатчиён кушод
Шурӯъ аз 9-уми июл дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт басти сеюми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки то 20-уми июли соли 2024 идома меёбад.
Дар ин басти истироҳат низ чун бастҳои қаблӣ 180 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 30 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ба истироҳат ҷалб шуданд. Дар истироҳатгоҳ шаш гуруҳи синнусолиро мураббиён роҳбарӣ менамоянд ва кӯдакону наврасон муддати 12 рӯз дар ин макони зебо ва дорои ҳавои мусоид истироҳат менамоянд. Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамасола кӯшиш менамояд, ки шароити истироҳативу фароғат дар истироҳатгоҳ хубтару беҳтар аз соли қабл гардад. Кӯдакону наврасон бо роҳбарии мараббиёни худ дар муддати истироҳат дар маҳфилҳои гуногуни зеҳниву ҷисмонӣ иштироки фаъол менамоянд.
Ҳамзамон баҳри машғулиятҳои варзишӣ дар истироҳатгоҳ майдончаҳои варзишии бозии футболи хурд ва майдончаи волейболу баскетбол низ мавҷуд аст ва фароғатчиён метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд. Саҳн ва атрофи истироҳатгоҳ сарсабзу хуррам ба назар расид ва масъулин иттило доданд, ки баҳри истироҳати хуби наврасон дар истироҳатгоҳ дар ин мавсим зиёда аз 400 адад ниҳолону дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст. Фароғатчиён дар давоми истироҳат инчунин аз китобхонаи истироҳаттгоҳ низ истифода мебаранд ва дониши худро сайқал медиҳанд. Хонандагон ҳангоми истироҳат бо 4 маротиба хурок таъмин карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 26 апрели соли 2024 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахт тасдиқ гардид. Дар асоси ин қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои бо мутахассисони зарурии тиббӣ таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ, солимгардонӣ тадбирҳо андешида, назорати вазъи санитарию гигиении истироҳатгоҳҳоро дар давраи таътили тобистона таъмин менамояд.
Ҳамзамон дар тамоми утоқҳои хобу истироҳат ва маҳфилҳои истироҳатгоҳ ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар бемориҳои мавсимӣ дастгоҳи махсуси зиддиуфунӣ гузошта шудааст ва дар якрӯз муддати як соат фаъол аст.
Ба хотири ҷалби бештари хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ шароити мусоид муҳайё гардидааст. Тарбияи наврасон дар рӯҳияи табиатдӯстӣ, истироҳат дар мавзеъҳои нотакрори диёр ва омодагӣ барои соли хониши нав аз ҳадафҳои асосии ташкили истироҳати тобистона барои кӯдакону наврасон мебошад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ