Анҷоми басти аввал дар Истироҳатгоҳи «Аржанг»
Басти аввали истироҳати кӯдакону наврасон дар Истироҳатгоҳи кӯдакон ва наврасони «Аржанг», воқеъ дар ноҳияи Варзоб дар рӯзҳои истиқбол аз 27-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ оғоз гардида буд. Инак пас аз гузашти чанд рӯзи муайянгардида давраи истироҳат барои ин гурӯҳи кӯдакону наврасон ба анҷом расид ва ба ин муносибат бо иштироки онҳо барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Дар маросими пӯшидавшаии басти аввал дар ин истироҳатгоҳ масъулони Иттифоҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, волидайни кӯдакону наврасон ва наздикони онҳо иштирок карданд.
Таъкид гардид, ки ҷалби кӯдакону наврасон, хосса хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба истироҳат дар давраи таътили тобистона ҳамасола дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Дар ҳамин замина бо истифода аз шароити хуби истироҳату фароғат беш аз 100 нафар фарзандони кормандони соҳаҳои фарҳангу иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ имкон пайдо карданд, ки дар басти аввал дар Истироҳатгоҳи кӯдакон ва наврасони «Аржанг» дар доираи чорабиниҳои гуногун ҳамаҷониба истироҳат кунанд.
Дар ин истироҳатгоҳ дар асоси дастуру ҳидоятои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат бо мақсади хушу хотирмон қабулу гусел намудани наврасон дар давраи таътили тобистона тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидааст.
Истироҳатгоҳи «Аржанг» дар ноҳияи Варзоб дар давраи омодагӣ ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ҳамаҷониба омода карда шуда, дорои шароити хуб мебошад.
Дар давраи истироҳат барои кӯдакону наврасон шурӯъ аз барномаҳои солимгардонӣ маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла забономӯзӣ ташкилу баргузор карда шуд, ки дар онҳо истироҳаткунандагон фаъолона иштирок намуданд. Ба андешаи масъулон хонандагон имкон доштанд, ки дар ин ҷо баробари истифодаи пурсамар аз шароити мавҷуда ба соли нави хониш омода шаванд.
Бояд гуфт, таъмини истироҳати комил, инкишофи нерӯи эҷодии шахсӣ, ҳифз ва таҳкими саломатии кӯдакону наврасон зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт ҳамасола дар давраи таътили тобистона тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад. Дар ҳамин замина ҳамасола дар давраи таътили тобистона хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар истироҳатгоҳҳо ба фароғати ҳамаҷониба ҷалб гардида, бо ташкилу баргузории барномаҳои гуногун дар самти боло бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии онҳо нақшаҳои муҳим иҷро карда мешавад.
Каримхон Бегматов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ