image

Дар шаҳри Душанбе Машварати роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ баргузор гардид

date_range12.07.2024, 10:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye98

Дар Машварати роҳбарони воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил роҳбарияти вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави давлатҳои аъзои ИДМ, воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии шаҳрҳои Душанбе, Ереван, Минск, Остона, Бишкек, Москва, Ашқобод, Тошканд иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Саидзода Шоҳрух суханронӣ намуда ташрифи ҳозиринро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол хайрамақдам гуфтанд.

Дар доираи ҳамоиш мавзуҳои технологияҳои муосир ҳамчун воситаи содир намудани ҷиноятҳои маводи мухаддир, мушкилот ва таҷрибаи мубориза бар зидди маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамчун омили хатари мушкилшавии вазъи нашъамандӣ, ҷиноятҳои нашъамандӣ аз ҷониби шаҳрвандони давлатҳои аъзои ИДМ, муқовимат ба шаклҳои этникии ҷинояткории маводи мухаддир, мушкилоти ҳамкории байнидавлатӣ ва роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо, ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, проблемаҳои асосӣ ва роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки қочоқи маводи мухаддир имрӯз дар рушд ва амнияти ҷомеа таъсир гузошта, хатарҳои зиёдеро дар пай гузоштааст. Аз ин рӯ, пешгирии дастаҷамъонаи он ҷиҳати таъмини суботи ҷомеа ва рушди он дар заминаи ҷаҳонишавӣ зарурати бештар дорад.

Дар ҳамоиш ҳамчунин иштирокдорон ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳо, равобити дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори ҳавасмандӣ намуда, дар самти муқовимат ба паёмадҳои навзуҳури ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи инсон ва ҷиноятҳои муташаккил таваҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"