image

Озмуни ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ ба насли наврасу ҷавон дар маҳаллаи Борбад

date_range12.07.2024, 12:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye192

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастгӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти адвлатии ноҳияи Сино дар доираи як нақшаи мукаммали якҷоя ба хотири рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзонидани ҳунарҳои аҷдодии азбайнрафта ба насли наврасу ҷавон миёни ҷавондухтарон ва сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Сино намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллиро роҳандозӣ намудаанд.

Аз ҷумла ин навбат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, Раёстаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, занону бонувони ҳунарманди маҳаллаи Борбад, кӯдакону наврасон ва ҷавондухтарони маҳалла иштирок намуданд.

Зимни чорабинии намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллӣ аз ҷониби занону бонувони чирадасти маҳаллаи Борбад тарзи омода намудани хӯроки миллӣ - оши бурида ва омода кардани орзуқро ба ҷавондухтарони маҳалла омӯзонида шуд.

Дар ин замина дар ҷараёни чорабинӣ намудҳои дигари хӯрокҳои миллӣ, тарзи дурусти омода намудани афшураи мева ва аз ҷумла омода намудани дуғ тариқи усули аҷдодӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ намоиш дода шуд.

Ҳамзамон дар гӯшаи дигар намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуд. Аз ҷониби занону бонувони маҳалла инчунин ҳунарҳои дигари миллати тоҷик аз ҷумла зардӯзӣ ва шероздӯзӣ низ намоиш дода шуд. Масъулин таъкид намуданд, ки яке аз мақсадҳои асосӣ аз доир намудани ин чорабинӣ ин омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ ва қадима ба ҷавондухтарон ва насли нав дониста мешавад. Миллати тоҷик дорои таърихи бою рангин аст ва ҳунарҳои аҷдодӣ аз насл ба насл то ба имрӯз ба мерос омадааст.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе аз намоиши ҳунарҳои марудмӣ ва омода намудани таомҳои миллӣ дар маҳаллаи Борбади ноҳияи Сино боздид намуданд ва дар анҷом ба як қатор занону бонувони фаъолу ҳунармандони маҳалла, ки дар раванди баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ фаъолнокӣ нишон доданд, сипосномаҳои ва Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе тақдим шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"