image

Шарҳи тағйироту иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар маҳалҳо

date_range17.07.2024, 14:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye176

Бо мақсади пешгирии амалу кирдорҳои ношоиста ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон аз ҷониби сохтору мақомоти марбутаи кишвар пайваста чорабиниҳои маърифатӣ миёни сокинони пойтахт ташкилу баргузор карда мешавад. Дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки масъулин дар толори Маркази саломатии шаҳрии №11 мулоқот доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарият ва кормандони Маркази саломатии шаҳрии №11 ва сокинони маҳаллаҳои атрофи ин муассисаи тандурустӣ иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ доир ба фарҳанги шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, истифодаи босамари моликияти ҷамъиятиву коммуналӣ, аз ҷумла боғу гулгашт ва майдончаҳои варзишӣ низ намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баромад намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот тағйироту иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавзеҳ дода шуд. Зикр шуд, ки риояи қонун амри зарурӣ буда, он ба манфиати сокинон аст. Аз иштирокчиён даъват шуд, ки дар тарбияи фарзандон беаҳамият набуда, таваҷҷӯҳи худро нисбати онҳо бештар намоянд, то онҳо ба оворагардӣ машғул нашуда, бештар ба мутолиаи китоб ва аз худ кардани забонҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"