image

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ГУЛГАШТИ НАВ ДАР ПОЙТАХТ

date_range23.07.2024, 14:09 chat_bubble_outline0 remove_red_eye103
Давоми солҳои охир дар ҳудуди пойтахт дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозии тадбиру ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даҳҳо корхонаву муассиса, бинову иншоот ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Дар заминаи ин ташаббусҳо ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавси Гулгашти зебову назаррабо дар даромадгохи дарвозаи чанубии пойтахт мавриди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо вусъат ёфтани корӽои ободонию созандагū дар ӽудуди шаӽри Душанбе, аз ҷумла бо бунёду азнавсозии гулгашту хиёбонӽо симои пойтахти кишвар зебою назаррабо гардида, барои гаштугузор ва истироҳату фароғати сокинону меӽмонон шароити арзанда ва муӽити хуби экологӣ фароҳам гаштааст. Дар доираи корҳои созандаву бунёкоронаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хосатан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе Бохтар қисмати даромадгоҳи дарвозаи ҷанубӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ як гулгашти нав бунёд гардидааст, ки он мавриди истифода қарор дода шуд. Гулгашти мазкур бо ороишоти зебои худ ҳусни ин маконро зобову назаррабо гардонид.
Дар расми ифтитоҳи гулгашти мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раиҳимзода ва роҳбарити мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуда, ба корҳои сохтмонӣ ва хуррамгардонӣ баҳои ба ланд доданд.
Гулгашти мазкур дар масоҳати 1550 метри мурабаъ доман паҳн карда, аз ин шумора 125 м2 майдон сабзазор гардида, дар масоҳати 85 м2 гулҳои зебои ранга шинонида шудааст. Гирду атрофи майдонча бо сангҳо рангаи сиёҳу сафед оро додашудааст. Дар қисмати дигар гулгашт сангҳои мармари ватани, ки ҳар яке 2 тоннаю 200 кг вазндоранд ва дар болои онҳо навиштаҷоди Душанбе ҷойгир гардидааст.
Дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин чорумин гулгашт мебошад, ки дар даромадгоҳи нохияҳои шаҳри Дшанбе бунёд гардидаанд. Ин иқдом дар доираи ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон замиинаи хуб фароҳам менамояд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"