image

Волоияти қонун асоси рушди ҷомеа. Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ дар н.Исмоили Сомонӣ

date_range01.08.2024, 14:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye127

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Ба ин муносибат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Волоияти қонун асоси рушди ҷомеа» баргузор шуд.

Дар кори Конфренсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони «Волоияти қонун асоси рушди ҷомеа» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии умҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшинсон ва коршиносони соҳа ва дигар фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд гардидани фарҳанги ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳангии аҳолӣ, шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии мардуми мамлакат имсолро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки умедворем дар ин сол тамоми масъулин, ҳуқуқшиносон, воситаҳои ахбори омма барои сохтани ҷомеаи муттаҳиди маданӣ ва давлати ҳуқуқбунёди миллӣ кӯшишу талош намуда, дар ин масир қадамҳои устувор мегузоранд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"