image

Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»

date_range01.08.2024, 15:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye125

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва Нақшаи амал оид ба амалисозии он ташкилу роҳандозӣ шуд. Дар семинар роҳбарони сохторҳои ноҳия, раисони Шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони касбу кори гуногуни сохторҳои ноҳиявӣ ҷалб гардидаанд.

Дар семинар роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ ва намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Гуфта шуд, ки дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонону наврасон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Тавре иброз шуд, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Дар идома маърузаҳо дар мавзӯҳои «Мақсад, вазифаҳои Стратегия ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Шарҳу тавзеҳи бандҳои дахлдори Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» пешниҳод гардиданд. Семинари омузишӣ бо муҳокимаронӣ ва мубоҳисаҳо ба кори худ идома дод.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"